Дар ин гуфтугӯ ҷанги Русия зидди Украина ва муносибатҳои дуҷонибаи Туркия бо Русия баррасӣ мешавад, хабар дод сухангӯи Кремл Дмитрий Песков.
Бори охир Эрдуғон бо Путин миёнаҳои моҳи сентябр дар шаҳри Самарқанди Узбекистон мулоқот карданд.
Ҳамчун узви НАТО, Туркия худро миёнараве байни Русия ва Украина муаррифӣ дорад. Анкара аз Москва интиқод мекунад, аммо ба таҳримҳои Ғарб зидди Русия пайваст нашудааст.
Эрдуғон ошкоро изҳори умедворӣ кард, ки метавонад, Путин ва Владимир Зеленский, президенти Украинаро барои хотимаи ҷанг сари мизи музокирот шинонад.
Путин баъди нокомиҳои зиёд дар майдони ҷанг дар моҳи гузашта - замоне, ки артиши Украина ба ҳамла ҷавобӣ гузашта, яке паси дигар минтақаҳои ғасбшударо озод кард - эълом кард, ки чаҳор вилояти Украина ба ҳайати Русия "шомил" шудаанд. Путин ҳамзамон дар моҳи сентябр гуфт, ки Москва "омода"-и гуфтугӯ бо Украина ҳаст. Ғарб ба ном раъйпурсии Русияро дар вилоятиҳои Украина маҳкум кард.
Зеленский эҳтимоли гуфтугӯ бо Путинро рад кард. Вай гуфт, ки Украина бо президенти "оянда"-и Русия, баъд аз Путин, музокира мекунад.