Ссылки доступа

Дар эътирозҳои Эрон 201 кас кушта шудааст


Созмони ҳуқуқи башари Эрон, ки дар шаҳри Осло қароргоҳ дорад, гуфт, дар натиҷаи эътирозҳо дар саросари ин кишвар дасти кам 201 нафар, аз ҷумла 23 кудак кушта шудааст.

Ин созмон ҳушдор додааст, ки эҳтимол аст, шумори қурбониён ба далели шеваҳои саркӯби эътирозгарон афзоиш ёбад.

Ба иттилои созмон, дасти кам 108 қурбонӣ дар давоми се ҳафтаи ахири эътирозҳои Эрон кушта шудааст. Ҳамчунин 93 каси дигар дар натиҷаи эътирозҳои оммавӣ дар шаҳри Зоҳидони он кишвар ҷон бохтааст.

Аз чанд ҳафта ба ин тараф эътирозҳо дар даҳҳо шаҳри Эрон ба шумули пойтахт Теҳрон идома доштааст. Тазоҳургарони хашмгин баъд аз он ба кӯчаҳо баромаданд, ки хабари марги Маҳсо Аминӣ нашр шуд. Вай аз сӯи пулиси ахлоқ ба сабаби риоя накардани ҳиҷоб боздошт ва дар боздоштгоҳ ҷон бохт.

XS
SM
MD
LG