Ссылки доступа

Гирдиҳамоӣ пушти дари Радиои Озодӣ дар шаҳри Бишкек


Пушти дари дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон гирдиҳамоӣ баргузор шуд. Эътирозгарон бастани ин расонаро талаб доранд.

Гирдиҳамомадагон мегӯянд, ин расона аз хориҷ сармоягузорӣ мешавад ва ба ҳамин далел бояд баста шавад.

Гирдиҳамомадагон дар даст шиорҳои зидди Радиои Озодӣ доштанд. Сухангӯи гирдиҳамоӣ, ки худро Илимбек Исроилов номид, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар Қирғизистон бояд, танҳо расонаҳои давлатӣ ва ё расонаҳо бо суроғаи kg кор кунанд.

Ҳамчунин ширкатдорони гирдиҳамоӣ зидди расонаҳои дигари Қирғизистон, аз ҷумла Kloop ва "Кактус Медиа" шиор доданд. Ширкатдорон талаб карданд, ки қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ қабул шавад.

Кормандони пулис гирдиҳамоиро назорат карданд.

Пештар аз ин вакили порлумони Қирғизистон Жанарбек Акаев аз расонаҳои мустақили он кишвар ҳимоят ва аз сиёсатмадорону ҳукуматдорон даъват кард, ки ба кори рӯзноманигорону блогерон дахолат накунанд.

XS
SM
MD
LG