Ссылки доступа

Интихоботи пеш аз муҳлат дар Қазоқистон: номзадии се нафар рад шуд


Комисияи марказии интихоботи Қазоқистон номзадии Хайрулло Габжалилов аз иттиҳоди ҷамъиятии оралманҳои "Асар", Талгат Ергалиев аз Иттиҳоди сохтмончиёни Қазоқистон ва Фотима Бизаковаро аз ташкилоти ҷамъиятии "Равоншиносии таҷрибӣ" ба интихоботи президентӣ сабт накард.

Ба иттилои Комисия, Габжалилов таҷрибаи фаъолияти давлатӣ надорад. Қонунгузории Қазоқистон талаб мекунад, ки номзад ба мақоми президентӣ ҳадди ақал 5 соли таҷрибаи корӣ дар ниҳодҳои давлатиро дошта бошад. Номзадии Талгат Ергалиев низ бо ҳамин сабаб рад карда шудааст.

Бизакова ҳам таҷрибаи кор дар ниҳодҳои давлатиро надорад ва ба ҳамин далел ҳақ надорад, ки номзад ва президент интихоб шавад.

Ахиран Комисияи интихоботӣ номзадии президенти амалкунандаи Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаевро ба интихобот сабти ном кард.

Сабти номи номзадҳо то 21 октябр идома мекунад. Коршиносон мегӯянд, натиҷаҳои интихобот аз пеш маълум аст.

То ин замон 12 нафар даъвои курсии президентии Қазоқистон кардаанд.

XS
SM
MD
LG