Тамара Валиева, раиси Комисия оид шикоят ба расонаҳо гуфт, вакилони порлумоне, ки пешниҳоди озодии баёнро мекунанд, бояд мандати вакилиашонро супоранд.
"Расонаҳо мо дар минтақа - яке аз озодтарин ва бонуфузтаринҳо ҳастанд. Ва дастоварди мо дар ҳамин аст. Дастоварди бузурги мо мавҷудияти расонаҳои мустақил ва озодии баён аст. Акнун ин озодиро вакилони бехирад мехоҳанд, аз мо бигиранд. Онҳо бояд барои чунин даъватҳо ҷавобгӯ бошанд, барои мисол мандати вакилиашонро супоранд. Дар лаҳзаҳои ҳассос рӯзноманигорон ва фаъолон дар сафи аввал қарор доранд", - гуфт Валиева.
Рӯзноманигор Алӣ Токтакунов, ки дар роҳпаймоӣ ширкат кард, бар ин назар аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд "суфоришгарони гирдиҳамоӣ"-и зидди озодии расонаҳоро пайдо кунанд.
Рӯзи 13 октябр пушти дари дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Бишкек наздики 40 кас ҷамъ шуда, бастани бахши қирғизистонии Радиои Озодӣ, расонаи "Kloop" ва "Kaktus.media"-ро талаб карданд. Гирдиҳамомадагон ин расонаҳоро "душмани халқ" унвон карданд. Илимбек Исроилов, яке аз иштирокдорони гирдиҳамоӣ даъват ба оташзании Радиои Озодиро кард.
Ахиран Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ хостори таҳқиқ дар бораи таҳдид ба хабарнигорони ин расона дар Қирғизистон шуд.
Ҷейми Флай дар баёнияе аз мақомоти Қирғизистон хоста, аз онҳое, ки кормандони Радиои Озодӣ/ Радиои Аврупои Озодро бо хушунат таҳдид кардаанд, бозҷӯӣ кунад.
Дар ин баёнияи президентиРадиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ омадааст, "хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ин таҳдидҳо нахоҳанд тарсид. Ман аз мақомоти Қирғизистон мехоҳам, ки масъулини ин таҳдидҳои хушунатомез алайҳи кормандон ва дафтари моро мавриди бозрасӣ қарор диҳанд".