Ссылки доступа

Узбекистон маҳдудиятҳои тиҷориро бо ИДМ бекор кунад


Узбекистон омода аст, ҳамаи маҳдудиятҳои тиҷориро дар доираи Иттиҳоди давлатҳои мустақил бекор кунад. Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 14 октябр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон хабар дод.

"Бояд монеаҳои тиҷорӣ бардошта шаванд. Мо борҳо дар ин мавзуъ суҳбат кардем. Замони амал кардан расид", - гуфт Мирзиёев.

Вай ҳамчунин ба кишварҳои узви ИДМ пешниҳод кард, ки дар давлатҳои худ ба масъулон дастур диҳанд, давоми як моҳ барои рушди тиҷорати мутақобил чораҳои мушаххасро коркард кунанд.

XS
SM
MD
LG