Ссылки доступа

Донишҷӯёни туркманро аз донишгоҳҳои хориҷ бармегардонанд


Мақомоти Туркманистон сарфи назар аз талаботи қонунгузорӣ ба донишҷӯёни ин кишвар, ки дар хориҷ таҳсил мекунанд, дастур додаанд, то барои адои хидмати ҳарбӣ ба ватан баргарданд.

Чандин падару модар аз вилояти Балкани Туркманистон ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, аз комиссариатҳои ҳарбии маҳаллӣ барои иҷрои ин дастури нав огоҳинома гирифта, таҳдид низ шунидаанд.

Мақомот ҳамчунин донишҷӯёнеро, ки барои ивази шиносномаҳояшон аз хориҷ ба Туркманистон баргаштаанд, ба хидмат ҷалб мекунанд.

Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки раванди ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбии ҷавононе, ки мехоҳанд, дар донишгоҳҳои олӣ таҳсил кунанд, то рафт дар Туркманистон мушкилтар мешавад.

Қабули дархости довталабон дар комиссариатҳои ҳарбӣ барои ба таъхир гузоштани хидмат рад карда мешавад.

Муҳлати хидмати ҳатмии ҳарбӣ барои мардон дар Туркманистон ду сол аст. Бештари мардони аз 18 то 27-солаи ин кишвар талош мекунанд, ки ба далели шарои номусоид ва меҳтарсолорӣ дар артиш аз хидмат фирор кунанд.

XS
SM
MD
LG