Дар ин бора корбарони узбекистонии шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. Ин ҳодиса дар ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканд рух додааст.
Ба иттилои вазорати тандурустии Узбекистон, "ёрии таъҷилӣ" бегоҳи 16 октябр ба кӯмаки марди беморе дар ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканд даъват шудааст.
"Ёрии таъҷилӣ" ба ҷои даъват шуда замоне расидааст, ки марди 22-сола ба атрофиён ҳамла мекард. Вақте ки пизишк талоши ором кардани ӯро кардааст, марди 22-сола ба пизишк дарафтодааст.
Мақомоти пулиси шаҳри Тошканд дар пайи ин ҳодиса бо моддаи "авбошӣ" парванда боз кардаанд.