Ссылки доступа

Қазоқистон барои лӯлаи гази Чин замин ҷудо мекунад


Заминҳои бунёди ҷангал дар вилояти Туркистони Қазоқистонро мехоҳанд, дар ихтиёри бинокорони лӯлаи гази "Қазоқистон - Чин" гузоранд.

Дар ин бора хабаргузории КазТАГ бо истинод ба лоиҳаи як қарори ҳукумати Қазоқистон иттилоъ додааст.

Дар қарор гуфта шудааст, ки "қитъаи замин ба масоҳати 57,5559 ҳектар, ки ба Хадамоти давлатии ҳифзи ҷангал ва ҳайвонот дар Туркистон тааллуқ дорад, барои бунёди лӯлаи гази Чин - Қазоқистон ҷудо карда мешавад".

Ҳукумати Қазоқистон ҳамчунин раиси вилояти Туркистонро вазифадор кардааст, ки заминҳоро дар ихтиёри "Лӯлаи гази Осиё" гузорад.

Бино ба иттилои манбаъ, 10,5082 ҳектари замини мазкур дарахтзор ва боқӣ корам, чарогоҳу роҳ аст.

XS
SM
MD
LG