Аммо маълум нест, ки ин сафар кай анҷом мешавад.
"Бояд корҳои омодагӣ ва муҳтавои сафар таҳия гардад. Вазирони ду кишвар созишномаҳои дуҷониба ва тафоҳумномаҳо омода мекунанд. Санаҳои сафари Мирзиёев ба Қирғизистон аз нақшаҳои кории ду президент вобаста аст", - гуфтанд дар вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.
Бори охир Мирзиёев охири моҳи июли соли ҷорӣ ба Қирғизистон рафта буд. Вай дар мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок кард, ки рӯзҳои 20-21 июл дар Чолпон-Ота баргузор шуда буд.