Ссылки доступа

Вазири пешини маорифи Қирғизистон бо ҷуброни зиён ба ҳабси хонагӣ интиқол шуд


Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон парвандаи фасодкории вазири пешини маориф ва илми он кишвар Алмос Бейшеналиевро идома медиҳад.

Аз маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар доданд, ҳангоми бозҷӯии манзили Бейшеналиев, вазири пешин ихтиёран 37,5 ҳазор долларро баргардонид.

"Вай ба ҳабси хонагӣ интиқол дода шуд. Тафтишот ҷуброни зарар ва бемории мансабдори пешинро ба инобат гирифта, ӯро ба ҳабси хонагӣ интиқол дод", - омадааст дар хабари вазорати корҳои дохилӣ.

Алмосбек Бейшеналиев ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 110 ҳазор доллари ИМА, рӯзи 28 сентябр боздошт шуд. Ба иттилои тафтишот, вай ин маблағро барои шомил кардани донишҷӯёни хориҷӣ ба донишгоҳҳои Қирғизистон талаб кардааст.

XS
SM
MD
LG