Ӯ дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфт, ки бо дабири кулли СПАД вазъ дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистонро баррасӣ кардааст.
"Ман ба наздикӣ бо Станислав Зас мулоқот доштам. Гуфтам, ки миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон сулҳ нахоҳад буд. Зеро қирғизҳо ҳақиқати худро ва онҳо (тоҷикон) ҳақиқати худро доранд. Дар байни мо додрас аз ҷониби севум бояд бошад. Барои намуна, як гуруҳи хурди неруҳои СПАД бояд риояи оташбас ва берун бурдани техникаҳои вазнинро аз минтақаҳои наздисарҳадӣ назорат кунад. Агар онҳо ин ду масъаларо ҳал кунанд, пас мо метавонем баррасии таъйин ва аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистонро шуруъ кунем”, - изҳор доштааст вазири дифои Қирғизистон.
Бори ахир рӯзҳои 14-17 сентябр дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон низоъ бархост. Дар натиҷаи он 63 шаҳрванди Қирғизистон кушта ва бештар аз 200 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Мақомоти Тоҷикистон расман аз кушта шудани 41 тан дар низои ахир хабар доданд. Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои манобеи худ аз марги 82 тан хабар дод.
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро дар сар задани низоъ айбдор мекунанд.