Ба гуфтаи вай, неругоҳҳои Қирғизистон 11 млрд 500 млн кВт/соат ва маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек 2 млрд кВт/соат барқ истеҳсол мекунад. 3 млрд кВт/соат барқи боқимонда аз хориҷ ворид карда мешавад.
"Дар мавриди воридот, мо бо Туркманистон дар бораи хариди 1 млрд 800 млн кВт/соат барқ шартнома бастем. Бо Қазоқистон барои хариди 241 млн кВт/соат барқ шартнома баста шудааст. Як шартномаи дигар мавҷуд аст дар бораи воридоти 600 млн кВт/соат барқ дар семоҳаи аввали соли 2023", - гуфт Торобоев.
Пештар аз ин вазири энержии Қирғизистон Таалайбек Иброев гуфт, ки дар ояндаи наздик Қирғизистон содироти ангиштро манъ мекунад.