Ба тими асосии маъмурият 11 коршиноси байналхалқӣ шомил шудаанд, ки дар Остона қарор мегиранд. Ҳамчунин ба маъмурият 30 нозири дигар шомил ҳастанд, ки шуруъ аз 26 октябр дар саросари Қазоқистон омодагӣ ва баргузории интихоботи пеш аз муҳлатро назорат хоҳанд кард. Ба илова БНДҲИ нақша дорад, 300 нозири кутоҳмуддат дархост кунад, ки ин нозирон чанд рӯз пеш аз рӯзи интихобот вориди Қазоқистон хоҳанд шуд.
Нозирон мутобиқати интихоботро ба уҳдадориҳои Қазоқистон дар назди САҲА ва дигар уҳдадориҳои байналхалқиву стандартҳои интихоботи демократӣ, инчунин қонунгузории миллӣ баҳо медиҳанд. Нозирон баргузории маъракаи интихоботӣ, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, инъикоси интихобот дар расонаҳо ва риояи озодиҳои асосиро назорат мекунанд.
Интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Қазоқистон рӯзи 20 ноябр дар назар аст.
Аз замони касби истиқол дар соли 1991 ҳеч кадом интихоботҳои Қазоқистон аз сӯи нозирони ғарбӣ озод ва одилона баҳо дода нашудаад.