Ба огаҳии хадамоти матбуоти президенти Узбекистон, Мирзиёев таъкид кардааст, ки нархи маҳсулоти кишоварзӣ бар асари тағйири иқлим ва вазъи душвори ҷаҳонӣ афзоиш меёбад.
“Мо низ ба ҳамин сабаб ба масъалаи хоҷагии қишлок диққати махсус дода, онро зуд-зуд баррасӣ мекунем. Зеро он чаҳоряки иқтисоди моро ташкил медиҳад. Беҳбуди вазъи мардум, устувории нархҳо ва ҷойҳои корӣ низ ба он бастагӣ дорад”, - изҳор доштааст Мирзиёев.
Дар ҷаласа ба масъалаи истифодаи босамари замину захираҳои обӣ ва афзоиши ҳосилнокӣ бештар таваҷҷуҳ шудааст.