Ссылки доступа

Сиёсатшиноси қирғиз баъди изҳороташ дар бораи обанбори Кампиробод ба бозпурсӣ даъват шудааст


Сиёсатшинос ва сафири пешини Қирғизистон Азимбек Бекназаров барои муроҷиати видеоияш дар робита ба марзи ин кишвар бо Узбекистон ба бозпурсӣ даъват шудааст.

Дар ин бора раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев 20 октябр дар суҳбат бо сокинони вилояти Ӯш хабар дод. Вай гуфт, суханҳои Бекназаров "ҳақиқат надоранд".

Бекназаров дар муроҷиати худ гуфта буд, заминҳое дар минтақаҳои Оқсӯ ва Алабукин, ки ба гуфтаи мақомоти қирғиз, гӯиё дар натиҷаи гуфтугӯҳо бо Узбекистон ба Қирғизистон дода шуданд, аз аввал ба ин кишвар тааллуқ доштанд.

Ташиев ҳамчунин афзуд, ки рӯзҳои наздик бо сокинони атрофи обанбори Кампиробод "суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ" анҷом дода мешаванд.

XS
SM
MD
LG