Ссылки доступа

Порлумони Қирғизистон тарҳи қонуни додани аслиҳа ба сокинони наздимарзиро қабул кард


Вакилони порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 20 октябр тарҳи қонунеро қабул карданд, ки "дар ҳолатҳои махсус" додани аслиҳа ба сокинони ноҳияҳои наздимарзии вилоятҳои Бодканду Ӯшро қонунӣ мегардонад.

Ба ҷонибдорӣ аз қонуни мазкур 63 вакил ва зидди он 3 вакил раъй додаанд. То ин замон тарҳи қонун пушти дарҳои баста баррасӣ мешуд.

Акнун ба чаҳор қонун - "Дар бораи омодагӣ ба сафарбарсозӣ ва сафарбарсозӣ дар Қирғизистон", "Дар бораи уҳдадории ҳатмии ҳарбӣ, хидмати алтернативӣ ва ҳарбӣ", "Дар бораи силоҳ" ва "Дар бораи уҳдадории марзбонон" тағйирот ворид карда мешавад. Тарҳи қонуне, ки ахиран аз сӯи порлумони Қирғизистон қабул шуд, иҷозаи сафарбаршавии ихтиёриро ба сокинони минтақаҳои наздимарзӣ ва додани аслиҳа ба онҳоро имконпазир мегардонад.

Тасмими додани силоҳ ба сокинони минтақаҳои наздимарзии Қирғизистон, пас аз муноқишаи охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат мегирад.

Дар ин муноқиша аз ду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Коршиносон дар Тоҷикистон гуфтанд, додани силоҳ ба сокинони наздимарзӣ метавонад, боиси хунрезии бештар шавад.

XS
SM
MD
LG