Ссылки доступа

Ҳалли баҳси марзӣ дар Қирғизистон: сиёсатмадорон ва фаъолони норозӣ боздошт шуданд


Ба иттилои ҳомии ҳуқуқи қирғизистонӣ Азиза Абдирасулова, рӯзи 23 октябр мақомоти корҳои дохилии Қирғизистон 16 касро 48 соат боздошт карданд.

Боздоштшудаҳо сиёсатмадор Клара Сооронқулова, Осия Сасикбоева, Жениш Молдакматов, Равшан Ҷеенбеков, Азимбек Бекназаров, Бектур Асанов, фаъолон Эрлан Бекчоро, Алӣ Шабдан, Перизод Суранова, Улуғбек Маматаев, Гулнора Ҷурабоева, Таалай Мадаминов, Чингиз Капаров, Атай Бейшенбек, Рита Карасартова ва рӯзноманигор Айданбек Акмат уулу ҳастанд.

Расонаҳо аз боздошти дар маҷмуъ 22 кас хабар медиҳанд.

Сиёсатмадор Канат Исоев бо қарори додгоҳ барои як моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст, вале маълум нест, бо кадом айб. Мақомоти Қирғизистон боздошти ӯро шарҳ намедиҳанд.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфт, бо моддаи "Омодагӣ ба бетартибии оммавӣ" парванда боздошт шуда ва корҳои тафтишӣ дар доираи моддаи мазкур ҷараён доранд.

"Дар ҷараёни тафтишот муайян шуд, ки афроди алоҳида ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва чораҳои ғасби худсаронаи қудрат омодагӣ медиданд", - хабар доданд аз вазорати корҳои дохилии Қирғизистон.

Бархе аз фаъолони дигари Қирғизистон аз ин боздоштҳо изҳори нигаронӣ карданд.

"Мо ин рафтори мақомотро таъқиби ошкоро ва тарс додани шаҳрвандоне медонем, ки аз амали ҳукумат дар робита ба интиқоли обанбори Кампиробод ба ҷониби Узбекистон интиқод мекунанд", - омадааст дар изҳороти фаъолон.

XS
SM
MD
LG