Ссылки доступа

Баррасии додгоҳии ҳалокати кормандони "АрселорМиттал Темирта-и Қазоқистон оғоз шуд


Толеген Оспанқулов, раиси кумитаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати меҳнати Қазоқистон 21 октябр хабар дод, ки додгоҳ баррасии парвандаи ҳалокати кормандони корхонаи металлургии "АрселорМиттал Темиртау"-ро оғоз кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, пулис дар натиҷаи тафтишот зидди масъулони корхона парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Парванда бар асоси моддаи "Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми корҳои сохтмонӣ, ки боиси марги ду ва зиёда шахс мешавад" боз карда карда шудааст.

"То имрӯз зидди 5 корманд тафтишот оғоз шудааст. Он масъулоне, ки дар ин садама айбдор мешаванд, дар ҳоли ҳозир панҷ нафарро ташкил медиҳанд. Эҳтимол онҳо маҳкум шаванд”, - гуфт Оспанқулов дар як нишаст дар Остона.

Дар корхонаи "АрселорМиттал Темиртау" рӯзи 10 июн садама рух дода, дар натиҷа чаҳор коргар кушта ва як кас захмӣ шуд.

Бино ба маълумоти мақомоти Қазоқистон, дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои ин кишвар 999 нафар ҷароҳат бардошта, 134 коргар ба ҳалокат расидааст.

XS
SM
MD
LG