Ссылки доступа

Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар саммити "Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ" ба Қазоқистон меравад


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар саммити "Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ" рӯзи 27 октябр ба шаҳри Остонаи Қазоқистон меравад.

Давоми ҳафтаи ҷорӣ президенти Узбекистон ҳамчунин бо раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел мулоқот мекунад. Дар ин мулоқот ҳамкориҳои Узбекистон бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ хоҳад шуд.

Роҳбари Шӯрои Аврупо Шарл Мишел ибтидои моҳи октябр хабар дода буд, ки ба Узбекистон ва Қазоқистон сафар мекунад. Ба гуфтаи вай, бо даъвати президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзҳои 26-27 октябр ба шаҳри Остона сафар хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG