Ссылки доступа

Human Rights Watch ба озодии фаъолони дар Бишкек боздоштшуда даъват кард


"Мақомот бояд ҳамаи боздоштшудаҳоро озод ва ҳимояи ҳуқуқҳои онҳоро, аз ҷумла ҳангоми тафтишот ва дар додгоҳ таъмин кунанд", - омадааст дар изҳороти созмон.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек сиёсатмадорон ва фаъолони ин кишварро, ки рӯзи 24 октябр бо иттиҳоми ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби қудрат боздошт шудаанд, ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Сиёсатмадоррон Равшан Ҷеенбеков, Асия Сасикбаева, Айбек Бусурманкулов, Таалайбек Мадеминов, рӯзноманигор Айданбек Акматов, фаъолон Али Шабдан, Чингиз Капаров то 20 декабри имсол дар ҳабс мемонанд. Ҳамаи онҳо ба боздоштгоҳи муваққатӣ ё "СИЗО-1"-и Бишкек интиқол ёфтаанд.

Сиёсатмадори дигари қирғизистонӣ Азимбек Бекназаров то 23 декабри имсол ба ҳабс гирифта шудааст.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё худ омбудсмен дар Қирғизистон Атир Абдрахматова гуфт, бархе аз боздоштшудаҳо шикоят кардаанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳуқуқҳояшонро поймол мекунанд.

Субҳи 23 октябр мақомоти қудратии Қирғизистон дар манзили чанде аз сиёсатмадорон ва фаъолон бозҷӯӣ анҷом доданд. Дар натиҷа ҳудуди 21 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.

Вазорати корҳои дохилии он кишвар хабар дод, ки бозҷӯӣ ва боздошти ин афрод дар доираи парвандаи "Омодагӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ" сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG