Корманди Раёсати амнияти метрои Вазорати корҳои дохилии Узбекистон, ки дар истгоҳи метрои Алишер Навоӣ навбатдорӣ мекард, 22 октябр духтари 19-сола Н.С.-ро барои тафтиши ҷузвдонаш боз доштааст. Духтар ба навбатдор гуфтааст, ки дар дохили ҷузвдонаш бомба дорад.
Дар натиҷа духтар боздошт шуда, аммо дар рафти санҷиш муайян шудааст, ки дар ҷузвдони ӯ ягон маводи тарканда вуҷуд надорад. Духтар дар посух ба суоли он ки чаро дуруғ гуфт, изҳор доштааст, ки "табъам болида буд ва хостам шухӣ кунам".
Ба иттилои хабаргузории "Газете.uz", Н. С дар "майдаавбошӣ" ва "расонидани хабари дуруғ" айбдор дониста шудааст.