Ссылки доступа

Як муовини раиси ноҳияро дар Узбекистон бо $43 ҳазор пора боздошт карданд


Муовини раиси ноҳияи Урганҷро дар Узбекистон ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 43 ҳазор доллар боздошт карданд. Ин ҳодиса рӯзи 25 октябр рух додааст.

Ба иттилои додситонии кулли Узбекистон, пештар аз муовини раис як масъули дигар бо 60 ҳазор доллари пора боздошт шудааст.

Тафтишот тасмим гирифтааст, ки амалиётро идома диҳад ва Т.М. 43 ҳазор долларро ба муовини раиси ноҳия Р.А. расонида, дар натиҷа тафтишот муовини раисро низ боздошт кардааст.

Дар робита ба ин ҳодиса бо моддаи "порагирӣ" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG