Ссылки доступа

Идомаи гуруснанишинии фаъоли қазоқистонӣ дар маҳбас


Фаъоли зиндонии қазоқистонӣ Ермек Наримбой рӯзи 24-ум аст, ки гуруснанишинии худро дар маҳбас идома медиҳад.

Вакили дифои ӯ Ғалим Нурпеисов, ки бо шахси зери ҳимояаш дар зиндон мулоқот кардааст, 26 октябр дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, Наримбой дар давраи гуруснанишинӣ 18 кило хароб шудааст.

"Ӯ хеле заиф шудааст. Вале мегӯяд, гуруснанишиниро қатъ карданӣ нест. Норимбой мехоҳад, ҷомеа "бедор" гардад ва ҳадафи гуруснанишинӣ муттаҳидшавии мухолифон аст. Ӯ то мушкили маҳбусони сиёсӣ ҳал нашавад гуруснанишиниро қатъ карданӣ нест", - изҳор дошт вакили дифоъ.

Ермек Наримбой, блогер ва фаъоли сиёсӣ соли 2016 Қазоқистонро тарк карда буд.

Охири моҳи январ Наримбой дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, ки ба ватан бармегардад, чун ба "гуфтугӯи ҳукумат ва ҷомеа бовар дорад".

Дар пахши мустақим аз Киев, қабл аз парвоз, ӯ гуфт, ки эҳтимол боздошт шавад. Ин блогери 51-сола гуфт, ки боздошти ӯ ба ҳукумати Қазоқистон обрӯ намеорад.

Ӯро соли 2015 барои барангехтани адовати миллӣ ба се соли зиндон маҳкум карда буданд. Соли 2016 ӯро бо шарти берун нашудан аз макони зист раҳо карданд, вале ӯ кишварро тарк кард. Ҳоло ӯро барои риоя накардани ин банди қонун боздошт кардаанд.

Моҳи январ дар Қазоқистон эътирози хунин пайваст. Пас аз ин эътироз Назарбоев, ки амалан ҳукуматро идора мекард, аз саҳнаи сиёсӣ дур карда шуд. Наримбой гуфта буд, ки эҳтимол вазъ дигар шудааст ва ба ватан бармегардад.

XS
SM
MD
LG