Ссылки доступа

Латту кӯби хабарнигори SuperTV дар шаҳри Бишкек


Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон афроди номаълуме хабарнигори телевизиони SuperTV Бактурсун Жоробековро латту кӯб карданд.

Жоробеков мегӯяд, ҳамла ба вай замоне рух дод, ки аз дорухона берун шудааст. Афроди ношиносе ба вай наздик шуда, ба рӯ ва сараш зарба задаанд. Жоробеков ин ҳамларо ба фаъолияти касбиаш рабт медиҳад.

"Яке аз онҳо гуфт: Ин рӯзноманигори SuperTV аст, маро ба навор гирифтааст". Намедонам, ки кай аз ҳуш рафтаам, вақте ба хона омадам соат 04:30 дақиқа буд", - нақл кард хабарнигор.

Вай ба пулис шикоят бурдааст.

XS
SM
MD
LG