Ссылки доступа

Боздошти фаъолон ва сиёсатмадорон дар Қирғизистону Русия идома дорад


Оразойим Норматова
Оразойим Норматова

Вакили пешини порлумони Қирғизистон Оразойим Норматова дар шаҳри Москва боздошт шудааст.

Дар ин бора наздикони Норматова хабар доданд. Аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон сабаби боздошти вакили пешинро шарҳ намедиҳанд.

Оразойим Норматова мақомоти Қирғизистонро интиқод мекард. Вай узви кумитаи ҳифзи Кампиробод аст. Бархе аз аъзои ин кумитаро пештар дар Қирғизистон дастгир карда буданд. Ҳамаи онҳо дар омодагӣ ба ошӯб айбдор мешаванд.

Ба ҷуз ин, сиёсатмадори қирғиз Мамбетжунус Абилов рӯзи 27 октябр боздошт шудааст. Абилов узв ва созмондиҳандаи Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод аст.

Бино ба хабарҳо, фаъоли дигари қирғизистонӣ Марат Баёзов низ 27 октябр дар шаҳри Бишкек дастгир шудааст.

XS
SM
MD
LG