Ссылки доступа

Ҷомеаи расонаии Қирғизистон хостанд, сомонаи Радиои Озодӣ боз карда шавад


Ҷомеаи расонаии Қирғизистон дар робита ба тасмими бастани сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз сӯи Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони ин кишвар ба муҳлати ду моҳ изҳорот нашр кард.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки вазорат бо ин қарораш муқаррароти Қонуни "Дар бораи ҳимоят аз маълумоти нодуруст (бардурӯғ)"-ро нақз кардааст.

Худи ин қонун “аждаҳоӣ” аст, зеро он дорои забони ниҳоят васеъ, норавшан ва қоидаҳои ноодилонае мебошад, ки ба мақомот имкон медиҳад, то бе ҳукми додгоҳ ва ҳеҷ гуна мурофиа ба таври худсарона васоити ахбори оммаи мустақилро масдуд кунанд”, - қайд кардаанд муаллифон.

Вазорати фарҳангу иттилооти Қирғизистон сомонаи бахши қирғизии Радиои Озодиро барои ду моҳ баст.

Мақомот 26-уми октябр сабабро як барномаи видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон номиданд, ки ба бовари онҳо "дар бораи ҳамлаи эҳтимолии ҷониби Қирғизистон ба Тоҷикистон маълумоти тасдиқношуда дорад". Ду кишвар якдигарро ба таҷовузи низомӣ гунаҳкор мекунанд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.

Барнома 16-уми сентябри имсол ва дар авҷи даргирии ду ҳамсоя дар телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пахш шуд. Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябр аз Радиои Озодӣ талаб карда буд, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд.

XS
SM
MD
LG