Ссылки доступа

Дар пайи фишорҳо расонаҳои мустақил ба президенти Қирғизистон муроҷиат карданд


Муассисон ва муҳаррирони расонаҳои мустақили Қирғизистон дар робита ба бастани "Азаттик медиа" дар Қирғизистон ба президенти он кишвар муроҷиат карданд.

Дар муроҷиатномаи дастаҷамъии рӯзноманигорон омадааст, ки дар Қирғизистон "фишори бесобиқа ба рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақил" ва "маъракаи нақшабандишудаи бадномсозии рӯзноманигорон" мушоҳида мешавад. Муаллифони муроҷиатнома гуфтаанд, хабар доранд, ки баъди бахши қирғизии "Радиои Озодӣ" расонаҳое амсоли Kaktus.media, Kloop.kg ва Factcheck.kg баста мешаванд.

Намояндагони расонаҳо аз президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов даъват кардаанд, ки бидуни иштироки сухангӯҳо ва мансабдорони дастгоҳи президент бо рӯзноманигорон мулоқот кунад. Ин рӯзноманигорон дар номаашон ҳамчунин гуфтаанд, ки дастрасӣ ба сомонаи бахши қирғизии "Радиои Озодӣ" барқарор карда шавад.

Мақомот 26-уми октябр сабабро як барномаи видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон номиданд, ки ба бовари онҳо "дар бораи ҳамлаи эҳтимолии ҷониби Қирғизистон ба Тоҷикистон маълумоти тасдиқношуда дорад". Ду кишвар якдигарро ба таҷовузи низомӣ гунаҳкор мекунанд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.

Барнома 16-уми сентябри имсол ва дар авҷи даргирии ду ҳамсоя дар телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пахш шуд. Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябр аз Радиои Озодӣ талаб карда буд, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Баъди ин вазорати фарҳанги он кишвар дастрасӣ ба сомонаи Радиоро маҳдуд кард.

Ҷомеаи рӯзноманигории Қирғизистон зидди фишор ба расонаҳо маъракаи иттилоотии "#силавправде" ё тавоноӣ дар ростистро эълом кард.

Ба иттилои созмондиҳандагон, маърака дар робита ба фишори бесобиқа ба расонаҳои Қирғизистон эълом шудааст. "Рӯзи 28 октябр Blackout Day эълом шуда, якбора нашру пахши хабарҳо аз соати 9.00 то 12.00 қатъ гардид. Дар ин муддат расонаҳову рӯзноманигорон дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси сиёҳ бо навиштаҷоти "Хабар нест. Фишор ба расонаҳо ҳаст"-ро ҷо доданд", - омадааст дар хабари созмондиҳандагони маърака.

Ба илова ширкатдорони маърака аз нашру пахши хабарҳои расмии давлатӣ давоми рӯз худдорӣ меварзанд.

Ба ин маърака ҳамаи рӯзноманигорони фаъол, расонаҳо, ҳомиёни ҳуқуқ, истифодабарандагон ва созмонҳои расонаии Қирғизистон пайваст шудаанд.

XS
SM
MD
LG