Ссылки доступа

Бунёди Elge Qaitaru талаби баргардонии дороиҳои Қазоқистонро кард


Бунёди ҷамъиятии Elge Qaitaru ("баргардонӣ ба ватан") рӯзи 27 октябр талаб кард, ки нисбати гуруҳи ширкатҳои Eurasian Resources Group парванда боз шавад.

Сармоядороне амсоли Александр Машкевич, Патох Шодиев ва Шуҳрат Иброҳимов шомили шӯрои мудирони ширкати Eurasian Resources Group буданд. Намояндагони бунёди ҷамъиятӣ мегӯянд, ширкати мазкур аз бонкҳои хориҷӣ бештар аз ду миллиард доллар қарздор шудааст.

Ширкати Eurasian Resources Group (ERG)-ро тоҷирони наздик ба президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев таъсис додаанд. Ин ширкат корхонаҳои азими истихроҷ ва коркарди оҳанро дар Қазоқистон мудирият мекард. 40 дарсади саҳмияҳои ширкат аз ҳукумати Қазоқистон аст.

XS
SM
MD
LG