Ссылки доступа

"Ҳелловин". Ҳалокати беш аз 150 кас дар Корея. Хориҷиҳо низ ҳастанд


Давка в Сеуле.
Давка в Сеуле.

Ҳангоми таҷлил аз ҷашни "Ҳелловин" дар Кореяи Ҷанубӣ 151 нафар, аз ҷумла 19 хориҷӣ, ҷон бохтаанд. Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт, дар миёни фавтидагон ва зарардидагони фоҷеа тоҷикон нестанд.

Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ гуфтанд, ҳодиса шаби 29-уми октябр ва дар пайи таҷаммӯи даҳҳо ҳазор нафар дар кӯчаҳои тангу борик рӯй дод. Бисёриҳо зери пой мондаанд.

Раиси ҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ 30-юми октябрро рӯзи мотами миллӣ эълон кард ва дастур дод, ки парчами кишварро поин биоранд. "Андӯҳи худро ҳамчун раҳбаре, ки барои ҳаёт ва амнияти мардум масъул аст, нигоҳ дошта наметавонам,” – афзуд ӯ.

Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ рӯзи 30-юми октябр гуфтанд, теъдоди ҷонбохтагон метавонад, бештар шавад, чун даҳҳо нафар дар ҳолати вазнин ҳастанд. Ҳукумати шаҳри Сеул гуфт, беш аз 2000 нафар дар бораи “гум шудани” хешовандон муроҷиат карданд.

“Ҳелловин”-ро дар айёми тирамоҳ ва дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон таҷлил мекунанд. Унсури муҳимтарини ҷашн ин аст, ки иштирокдорони он шомгоҳон либосҳои ваҳмангез мепӯшанд ва шодиву хурсандӣ мекунанд.

Кадуи рангуборшуда ҳамроҳ бо шамъи фурӯзон, ки дар назди хонаҳо гузошта мешавад, рамзи дигари ин ид шумурда мешавад. Ҳикмати идро “дур кардани арвоҳи бад” ва “арҷ гузоштан ба зиндагиву хушиву хурсандӣ” медонанд.

XS
SM
MD
LG