Хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Тошканд хабар додааст, ки гузаргоҳ ба далели анҷоми корҳои бозсозӣ аз тарафи Қазоқистон баста хоҳад шуд.
Раиси Кумитаи даромадҳои давлатии Қазоқистон Даниёр Жаналинов моҳи августи имсол гуфта буд, ки дар солҳои 2022-2023 бозсозии 9 гузаргоҳи марзии автомобилӣ ва як гузаргоҳи роҳи оҳан дар назар аст.
Тибқи ҳисобҳои ҷониби Қазоқистон, дар натиҷаи бозсозӣ иқтидори гузаргоҳҳо то 8 маротиба афзоиш ёфта, муҳлати убури онҳо аз 2 соат то 25 дақиқа кам мешавад.