Мамай дар "ташкили гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ, таҳқири намояндаи давлат тавассути расонаҳо, паҳнсоҳии иттилои бардурӯғ" айбдор мешавад.
"Додгоҳ қарор кард, ки дар муҳлати тафтишот айбдоршаванда ба ҳабси хонагӣ гирифта шавад", - омадааст дар қарори додгоҳ.
Муҳокимаи нахустини додгоҳӣ рӯзи 7 ноябр таъйин шудааст.
Мамайи 34-сола 26 феврали имсол боздошт шуда буд. Ӯ баъди гирдиҳамоии ёдбуди қурбониёни ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон бо иттиҳоми нақзи қоидаи ташкили тазоҳуроти осоишта нахуст 15 шабонарӯз ҳабс ва сипас бо гумони "паҳн кардани маълумоти бардурӯғ" ва "таҳқири намояндаи мақомот" ба СИЗО интиқол дода шуд.
Фаъоли қазоқ гуфта буд, ин парванда "ангезаи сиёсӣ" дорад ва ҳадафи он фишор ба фаъолони Ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистон аст.