Ссылки доступа

"Агар ин миллат як соҳиб медошт..." Додситонии кул гуфт, ки чаро Ғурбатӣ зиндонӣ шуд


Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон пас аз тақрибан як моҳи зиндонӣ шудани хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҷузъиёти парвандаашро ошкор кард.

Хабарнигори 26-сола ва соҳиби як фарзанд чаҳоруми октябри имсол дар мурофиаи паси дарҳои баста ба 7,5 сол зиндон маҳкум шуд. Додрас ӯро ба таҳқири маъмурони милиса ва узвият дар созмони ифротӣ гунаҳкор донист. Худаш иттиҳомҳоро сохта номидааст. Модараш ҳукмро ноодилона хонд.

Додситонии кул рӯзи 3-юми ноябр дар сомонааш хабарнигори тоҷикро ба "ифротгароӣ" ва гуё "бадном кардан"-и "сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар Фейсбук муттаҳам кардааст.

Дар эъломия аз як навиштаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ иқтибос овардаанд, ки ин аст: "Агар ин миллат як соҳиб медошт, агар ин давлат як қонун медошт, агар ин ҳукумат як вазир медошт, ҷавони тоҷик аз тиреза поин афкандани худро аз хидмат ба ин миллату давлат боло намедонист... Ҳоло ҳар дашноме мехоҳед, ба ман бидиҳед, ба "биҳишти рӯи замин"-атон бовар надорам. Ба ягон идеяи миллӣ, ба ягон вазиру кабиру пешво бовар надорам."

Ин шарҳро Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 12-уми майи имсол ва пас аз як ҳодиса дар Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Ёвон дар Фейсбук навиштааст.

Рӯзи 11-уми май намояндагони мақомот талош карданд, хатмкунандагони Омӯзишгоҳи тиббии Ёвонро ба комиссариати ҳарбӣ баранд, аммо муваффақ нашуданд. Баъзе аз ҷавонон худро аз тирезаҳо партофтанду гурехтанд ва баъзеи дигарро занону духтарон "ҳимоят" карданд.

"Сарбозшикор" дар Омӯзишгоҳи тиббии Ёвон
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:59 0:00

Масъулони Додситонии кул дар идома Абдуллоҳ Ғурбатиро ба пайравӣ аз "Аздо ТВ", як саҳифаи наздик ба мухолифони ҳукумат дар Ютуб ва истифодаи наворҳояш дар ин шабака муттаҳам кардаанд.

"Таҳқиру кандани рутба, чаҳор тугма ва задани як мушт ба гардани майори милиса Муродов Д.Ҷ." аз иттиҳомҳои дигари зидди Абдуллоҳ Ғурбатӣ будааст. Худи Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар бозпурсиҳо иттиҳомро беасос номидааст. Манобеи огоҳ аз қазияи рӯзноманигор гуфта буданд, ки ӯ танҳо ду ҳафта пеш аз эълони ҳукм "зери фишор" дар наворе "ба гуноҳ иқрор карда", хоҳони раҳоияш шуд.

Дар мурофиаҳои додгоҳии Ғурбатӣ се маъмури милисаи ноҳияи Шоҳмансур иштирок кардаанд. Маълум нест, майор Муродов Д.Ҷ. дар додгоҳ чӣ гуфтааст, вале талоши хабарнингорон барои суҳбат бо ӯ бенатиҷа буд. Радиои Озодӣ омода аст, изҳороти ӯро дар бораи парванда мунташир кунад.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ солҳои охир журналисту блогери мустақил буд. Дар гузоришҳояш дар Ютуб масоили ҳассоси иҷтимоиро ба баҳс гирифта, аз камбудҳои мақомот мегуфт.

Дар гузашта дар хабаргузории "Азия-Плюс", нашрияи "Пайк" ва Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон кор кардааст. Моҳи майи соли 2020 ду дафъа мавриди ҳамла қарор гирифт. Бори аввал дар назди хонааш дар Душанбе ва бори дувум замоне ки мехост аз вазъи сокинони селзадаи Хуросон гузориш диҳад.

Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва хабарнигорони дигари зиндонӣ ва боздоштшударо раҳо кунанд.

XS
SM
MD
LG