Ссылки доступа

Рӯзноманигори қирғиз Санрабия Сотиболдиева боздошт шуд


Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон боздошти рӯзноманигор Санрабия Сотиболдиева ва наворбардори "МИР 24" Қалис Аширбоевро тасдиқ кард.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии вазорат, боздоштшудаҳо ба он айбдор мешаванд, ки гӯиё аз як вакили порлумони Қирғизистон 2 ҳазор доллар тамаъ кардаанд. Номи вакил ифшо карда намешавад.

"Чанд нафар рӯзи 3 ноябри соли равон ҳангоми гирифтани 2000 доллари амрикоӣ аз вакили порлумони Қирғизистон дастгир шуданд. Онҳо бо таҳдиди нашри сабтҳои солҳои 2016-2017 дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам пул меситонидаанд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Талошҳо барои тамос бо наздикону пайвандони боздоштшудаҳо бенатиҷа буданд.

Санрабия Сотиболдиева дар гузашта дар нашрияҳои "Аймак", "Взгляд" ва телевизиони "Чолпон ТВ"-и Қирғизистон кор кардааст.

XS
SM
MD
LG