Ссылки доступа

Вакили узбек як наврасро барои мулоқот бо наберааш шадидан латтукӯб кардааст


Вакили маҷлиси ноҳияи Қамашии Узбекистон Панҷӣ Нуртоев дар латукӯби як хонандаи синфи 9-ум, ки бо наберааш во мехӯрдааст, айбдор мешавад.

Дар ин бора Хабаргузории "Газете.uz" бо истинод ба сухангӯи Додситонии кулли Узбекистон Ҳаёт Шамсиддинов хабар додааст.

Хонандаи 15-сола бо набераи Панҷӣ Нуртоев, ки дар синфи 8-ум мехонад, вохӯрдааст. Ӯ шаби 4-уми ноябр, тахминан соати 2:35 аз тиреза ба хонаи духтар даромадааст. Бобои духтар вайро дар утоқи наберааш пайдо карда, ҳамроҳи писараш Шерзод Нуртоев сахт латтукӯб кардааст.

Падари навраси латтукӯбшуда Бахтиёр Қличев ба расонаи "Дарё" гуфтааст, ки писараш ҷароҳати вазнин бардоштааст. "Бале, писарам хато кард. Ман инро инкор намекунам. Аммо оё дуруст аст, ки як шахси калон, вакил ҳамроҳи писараш ӯро то дами марг бизананд?", - афзудааст ӯ.

Шӯрои вилоятии Ҳизби либерал-демократии Узбекистон, ки Нуртоев узви он аст, дар пайи як раъйгирӣ ӯро аз саффи ҳизб хориҷ кардааст.

Парвандаро додситонии маҳаллӣ тафтиш дорад.

XS
SM
MD
LG