Ссылки доступа

Ҷасади як корманди дигари "АрселорМиттал Темиртау"-ро пайдо карданд


Дар ҳудуди шахтаи "Казахстанская"-и Корхонаи "АрселорМиттал Темиртау"-и вилояти Қарағанда 6 ноябр ҷасади як корманд пайдо шудааст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии "АрселорМиттал Темиртау", ҳодиса дар соати ғайрикории корманд рух додааст. Пулис қазияро тафтишот мекунад.

Шаби 3 октябри имсол низ дар кони ба номи Ленини "АрселорМиттал Темиртау" ҳангоми парма кардани чоҳҳо газ хориҷ ва боиси марги 5 коргар шуд. Чаҳор нафари дигар аз газ заҳролуд шуда, дар бемористон бистарӣ гаштанд.

Бино ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, 106 коргари кон ба ҷои дигар интиқол дода шуданд. Кормандони пулис дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои куҳӣ ё сохтмонӣ" тафтишотро оғоз кардаанд.

Мақомоти Қазоқистон дертар эълом карданд, ки фаъолияти ҳафт шахтаи "АрселорМиттал Темиртау" қатъ шудааст.

XS
SM
MD
LG