Ссылки доступа

Ҳодисаҳои январии Қазоқистон: парвандаи раиси пешини амният ба додгоҳ ирсол шуд


Парвандаи раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Карим Масимов ва муовинони пешинашро ба додгоҳ ирсол карданд.

"Додситонии кул хулосаи айбдоркунанда додааст. Парвандаи ҷиноӣ ба додгоҳи махсуси шаҳри Остона ирсол шудааст", - хабар медиҳад додситонии кулли Қазоқистон.

Карим Масимов ва Ануар Садиқуло, муовини пешини раиси амнияти Қазоқистон бо моддаҳои "хиёнат ба давлат", "ғасби худсаронаи давлат", "берун рафтан аз ҳадди салоҳиятҳои хизматӣ" айбдор мешаванд.

Давлат Ергожин, муовини дигари раиси пешини амният бо моддаҳои "ғасби худсаронаи давлат" ва "берун рафтан аз ҳадди салоҳиятҳои хизматӣ" айбдор шудааст.

Марат Осипов, яке аз дигар муовинони пешини раиси Кумитаи амнияти Қазоқистонро дар "Берун рафтан аз ҳадди салоҳиятҳои хидматӣ" айбдор мекунанд. Дар додстонии кулли Қазоқистон гуфтанд, парвандаи раиси пешини амният ва муовинонаш муҳри "комилан махфӣ" дорад.

Карим Масимов - ҳампаймони бонуфузи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев - ҳангоми ҳодисаҳои январии соли 2022 аз мақом барканор ва боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG