Ссылки доступа

Дар Қирғизистон рӯзҳои 7-8 ноябр Рӯзҳои таърих ва хотираи гузаштагон таҷлил мешавад


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба мардуми он кишвар муроҷиат кард.

"Дар таърихи чандинасраи худ мардуми мо аз санҷишҳои бузурге гузаштааст. Албатта, ҳолатҳои уфту авҷ ҳам буданд. Кофист ёдовар шавем, мардуми қирғиз бо таъсиси империяи азим - Хонигарии Бузурги Қирғиз - замонҳои аълое ва бо давраҳои фоҷиавӣ, амсоли Уркунро ҳам дидааст, ки дар вартаи нобудӣ қарор дошт. Бисёре аз мардумоне, ки бо офатҳои сангин рӯ ба рӯ шуда буданд, аз миён рафтанд. Баръакс, мардуми қирғиз бо нигаҳ доштани парчами давлат, бо ҳифзи манофеи миллӣ ... зиндагиро идома медиҳад. Ин таърихи бузурги мост, ки мо аз он ифтихор дорем", - омадаст дар матни муроҷиати Ҷабборов.

"Имрӯз мо таъриху гузаштагони худро ёдовар мешавем, ки барои истиқлол хун рехтанд, падарони худро ёдовар мешавем, ки қурбонии низоми худкома шуданд, онҳоеро ёдовар мешавем, ки ҳамагӣ чанде пеш ба хотири тамомияти арзии кишварамон қаҳрамонона фавтиданд...", - зикр шудааст дар матни Содир Ҷабборов.

XS
SM
MD
LG