Ссылки доступа

Узбекистон берун бурдани ҷавоҳирот ба маблағи то $10 ҳазорро иҷозат дод


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 7 ноябр дар ҷаласае бахшида ба рушди соҳаи саноати ин кишвар як қатор чораҳоро барои дастгирии бахши заргарӣ эълом кардааст.

Сухангӯи президенти Узбекистон Шерзод Асадов гуфт, ба шахсони воқеӣ иҷозат дода шуд, ки ба маблағи то 10 ҳазор доллари амрикоӣ ҷавоҳиротро ба хориҷ аз ин кишвар баранд.

Ҳамчунин сангҳои қиматбаҳо ва ороишие, ки заргарон истифода мебаранд, аз 1 декабри имсол аз пардохти боҷи гумрукӣ озод шудаанд. Талаби иҷозатнома барои воридот ва содироти муваққатии тилло, нуқра ва ашёи дигари хом барои сохтани ҷавоҳирот низ бекор карда мешавад.

Ба раҳбарони вилоятҳои Самарқанд, Бухоро ва Қуқанд супориш дода шудааст, ки маҷмааҳои савдои заргарӣ ва истеҳсолиро ташкил кунанд.

Ҳаҷми бозори заргарии дохилии Узбекистон 300 миллион доллар арзёбӣ карда мешавад. Ба назари Мирзиёев, заргарони маҳаллии Узбекистон ин талаботро қонеъ карда метавонанд.

XS
SM
MD
LG