Ссылки доступа

HRW: Узбекистон дар парокандасозии эътирозҳои Қарақалпоқистон "чораҳои ҷавобии барзиёд" истифода кард


Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch ё Дидбони ҳуқуқи инсон, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ҷойгир аст, мақомоти қудратии Узбекистонро "дар истифодаи барзиёд ва беасоси чораҳои ҷавобӣ" ҳангоми парокандасозии гирдиҳамоиҳои тобистонаи Қарақалпоқистон айбдор кард.

Ин созмон аз мақомоти Узбекистон даъват кард, ки ҳаводиси Қарақалпоқистон ва рафтори мақомоти қудратиро дар он ҳаводис таҳқиқ кунанд.

Human Rights Watch навиштааст, мақомоти қудратӣ бидуни сабаб дар парокандасозии гирдиҳамоии рӯзҳои 1 ва 2 июл дар Қарақалпоқистон аз "силоҳи оташфишон ва норинҷакҳои мухталиф кор гирифтаанд". Ин навъи аслиҳа, бино ба гузориши созмони Human Rights Watch, метавонад, боиси ҷароҳати вазнин ва куштор гардад. Дар ҷараёни парокандасозии гирдиҳамоӣ дасти кам 21 кас кушта, бештар аз 270 тани дигар маҷруҳ шудаанд.

Эътирозҳои оммавӣ дар Қарақалпоқистон дар охири моҳи июн ва ибтидои моҳи июли соли 2022 баъди он сар шуд, ки тарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон нашр гардид. Бино ба тарҳи нав, вожаи "мухтор" аз мақоми Қарақалпоқистон гирифта шуда ва ин ҷумҳурӣ аз ҳаққи берун шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум мегардид.

Рӯзи 1 июл дар пойтахти Қарақалпоқистон шаҳри Нуқус ҳазорон сокин ба кӯча баромаданд. Рӯзи 2 июл дар Қарақалпоқистон вазъи фавқулода эълом шуд.

Баъди ин эътирозҳо дар тарҳи нави Конститутсияи Узбекистон мақоми мухтори Қарақалпоқистон ҳифз гардид.

XS
SM
MD
LG