Ссылки доступа

Парвандаи Болтурук: ҳамсари мудири пешини Қумтор ба президенти Қирғизистон муроҷиат кард


Тенгиз Болтурук в зале суда.
Тенгиз Болтурук в зале суда.

Ҳамсари мудири пешини ширкати "Қумтор Голд Компани" Тенгиз Болтурук, ки бо гумони фасодкорӣ боздошт шудааст, ба президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов муроҷиат кард.

Муроҷиати ҳамсари Болтурук дар Фейсбук нашр шуд.

"Сари зону истода, аз шумо хоҳиш мекунам, ҷаноби Содир Нургожоевич, меҳрубонӣ нишон дода, ба парвандаи ҳамсари ман таваҷҷуҳ кунед. Ман хеле хоҳиш мекунам, ки ба ҳамсари ман иҷозаи ҳабси хонагӣ диҳед. Вазъи сиҳатии вай сахт аст. Вай дар чунин ҳолат наметавонад, дар ҳабс бошад. Ман метарсам, ки ӯро аз даст медиҳам. Ман омодаам, ки ҳаёти худамро ба ӯ бахшам. Вай омодаи ҳамкорӣ бо тафтишот ҳаст. Вай ҳаргиз фикри фирорро надошт. Вай хунравӣ, дарди қалб ва фишори хун дорад", - навиштааст Илмира Алписбоева, ҳамсари Болтурук.

Дар яке аз охирин мусоҳибаҳояш Содир Ҷабборов гуфт, ки Болтурук ваъдаи кори содиқонаро дода буд ва шахсан қарор қабул мекард, акнун ба парвандаи вай додгоҳ нуқта мегузорад.

Рӯзи 13 сентябри соли ҷорӣ Додситонии кулли Қирғизистон аз боздошти Болтурук хабар дод. Вай дар фасодкорӣ дар кони тилои Қумтор айбдор мешавад. Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкеки Қирғизистон Болтурукро то 10 ноябр ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.

Болтурук айбҳои эъломшударо рад кардааст.

XS
SM
MD
LG