Ссылки доступа

"Парвандаи Кампиробод": Ойбек Бузурманқулов ҳам дар ҳабс мемонад


Додгоҳи шаҳри Бишкеки Қирғизистон 9 ноябр ҳукми ҳабси пешакии раиси пешини вилояти Талас Ойбек Бузурманқуловро бетағйир гузошт.

Бузурманқулов бо қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек то 20 декабри имсол ба ҳабс гирифта шудааст.

Додгоҳи пойтахти Қирғизистон аз ин пеш ҳукми ҳабси пешакии фаъолони боздоштшуда Гулнора Ҷӯрабоева, Атай Бейшенбек ва Алӣ Шабданро ҳам бетағйир гузошта буд.

Моҳи октябри имсол дар шаҳри Бишкек чанде аз фаъолон ва сиёсатмадорон боздошт шуданд. Мақомот онҳоро ба "тайёрӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ" гумонбар мекунанд. Дар умум, дар доираи ин парванда 26 кас боздошт шудааст. Додгоҳ онҳоро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.

Ин афрод барои, ба қавли онҳо, таъсиси кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG