Узви кумитаи таъсиси ҳизб ва фаъоли мадании қазоқ Асет Абишев гуфт, вазорат ин бор санадҳоро бар асоси банди 8 қонун дар бораи узвият дар ҳизбҳои сиёсӣ баргардонд.
Мухолифони Қазоқистон 9 ноябри имсол барои сабтиноми ҳизби нави сиёсӣ бори дигар ба Вазорати адлияи он кишвар санад пешниҳод карданд.
Ташаббускорони таъсиси ҳизби нав ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки барои сабтиноми ҳизб ҳазорҳо имзо ҷамъ кардаанд. "Панҷ ҳазор кас имзо гузоштанд. Вале баъди санҷиши дақиқ мо имзои 2245 нафарро пешниҳод кардем. 1250 каси имзогузоштаҳо худро бо ҳуҷҷатҳояшон навор гирифтаанд", - гуфт узви гуруҳ Асет Абишев.
Ин гуруҳ 5 май, 18 апрел, 22 сентябр ва 12 октябр ҳам барои сабтиноми ҳизб санад пешниҳод карда буданд. Масъулони Вазорати адлияи Қазоқистон ҳар бор бо баҳонаи комил набудани санадҳо дархостро рад мекунанд.