Ссылки доступа

Дур аз Тоҷикистон, вале бо ёди Тоҷикистон (гулчин)


UKRAINE, SIMFEROPOL – market "Crimean Privoz", 25Sept2019
UKRAINE, SIMFEROPOL – market "Crimean Privoz", 25Sept2019

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Дур аз Тоҷикистон, вале бо ёди Тоҷикистон. Тамара Катаева, яке аз овозхонҳои шинохтаи тоҷик дар аҳди шӯравии собиқ чанде пеш аз шаҳри Ню Йорк ба Душанбе омад, то ҳунарнамоӣ кунад ва бо ҳамкасбону дӯстони собиқаш дидору мулоқот дошта бошад. Дар суҳбате бо Радиои Озодӣ дар бораи хотираҳо ва зиндагиаш дар Амрико нақл кард (видео)

- Сокинон гуфтанд, ки аз маъмурони милиса чӣ мехоҳанд. Дар Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун "Рӯзи милитсия" ҷашн гирифта мешавад. Сатҳи боварии мардум ба милитсия чӣ қадар аст ва чаро то ҳанӯз дар ин низом ислоҳоти муваффақе анҷом нашуда? Назари чанде аз роҳгузарон дар Душанбе дар бораи маъмурони милитсия инҷост. (видео)

- Иҷлосияи Хуҷанд: Чеҳраҳо ва баҳсҳо. 20 соли пеш дар ин шабу рӯз чашму ҳуши ҳама тоҷикистониён ба сӯи Қасри Арбоб, ба сӯи вакилони Шӯрои олӣ ва иқдоми онҳо андӯхта шуда буд (видео)

- "Мехостанд, писарамро зӯран ба артиш баранд". Як сокини Душанбе шикоят дорад, ки писари 14-солаашро барои бурдан ба сарбозӣ “шикор” ё “облава” карда, “дар он ҳангом задаанд”. Дар Вазорати корҳои дохилӣ чанд рӯз пеш гуфтанд, ки шикоятро таҳқиқ мекунанд. Масъулони Вазорати мудофиа иддао доранд, ки имсол ягон мавриди “сарбозшикор” набуд. (видео)

- Донишгоҳ боғ бунёд кард, донишҷӯён "азоб мекашанд".
Ҳазорҳо донишҷӯ, ки аз ноҳияҳо барои таҳсил ба шаҳри Кӯлоб меоянд, аз набудани хобгоҳ мушкил мекашанд. Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, калонтарин донишгоҳи шаҳр, 10 ҳазор донишҷӯ дорад, аммо танҳо барои 500 нафар хобгоҳ пешниҳод кардааст (видео)

- Интихоботи миёндаврии ИМА. Чӣ дигар мешавад? ​Натиҷаи интихоботи Сенат ва Маҷлиси намояндагон ба фазои сиёсии Амрико дар ду соли боқимондаи раҳбарии Ҷо Байден ва эҳтимоли бозгашти президенти собиқ ба Кохи Сафед таъсир хоҳад гузошт. (видео)

- "Мардаки ман дар Русия аст, пул намефиристад". Кӣ гуфт, ки хиштрезӣ кори мардон аст? Дар як корхонае дар Восеъ занон баробари мардон хишт мекашонанду корҳои дигари вазнинро иҷро мекунанд. Занони хиштрез мегӯянд, барои таъмини рӯзгору кӯдакон маҷбур буданд, аз ин роҳ зиндагиро пеш мебаранд. (видео)

- ​Масҷиди рӯҳонии тоҷик дар Қазоқистон барқ мефурӯшад.​ Дар ҳоле, ки бисёр масҷидҳо дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои мусалмонӣ асосан бо хайру садақаи мардум кор мекунанд, як рӯҳонии тоҷик дар Қазоқистон усули навро пеш гирифтааст. (видео)

- ​Гуруҳе аз сокинони Рашт мегӯянд, раиси пешин заминашонро гирифт.​ Дар як деҳаи минтақаи Рашт, ки мардумаш бо чорводорӣ зиндагиро пеш мебаранд, гурӯҳе сокинон шикоят доранд, ки хонаводаи раиси пешини ноҳия онҳоро аз нони даҳонашон мондааст. Ба иддаои онҳо, наздикони раиси пешин чарогоҳҳоро аз худ кардаву ба мардуми дигар иҷозаи истифода намедиҳанд. (видео)

- Рӯзноманигори украинӣ гуфтаи Раҳмонро ба Путин шарҳ дод.​ Дмитрий Гордон, рӯзноманигори маъруфи украинӣ, мегӯяд, қудратталабиҳои Русия ва раҳбаронаш на танҳо ба дили украиниҳо, "балки ба дили ҳама кишварҳои собиқи Шӯравӣ задааст". (видео)

- Пайкараи "Модар" дар Кӯлоб акси модари кист? Пайкара баҳсбарангез шудааст. Дар долонҳои ҳукумати шаҳр гуфтугӯҳое садо медиҳанд, ки он ба зудӣ бозсозӣ хоҳад шуд, чун “ба раисиҷумҳури Тоҷикистон писанд наомад”. Намояндагони ҳукумат қазияро расман шарҳ намедиҳанд (видео)

- Рӯзҳои фарҳанги Эрон дар Тоҷикистон оғоз шуд.​ Як ҳайати шастнафара иборат аз ҳунармандону мақомоти Эрон ин шабу рӯз меҳмони Тоҷикистонанд. Баъд аз солҳои тӯлонӣ дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии Эрон баргузор шуд. Баргузории рузҳои фарҳангиро як аломати дигаре аз гарм шудани муносибатҳои ду кишвар медонанд, ки то чанд соли пеш бисёр сард буд. (видео)

- Ишқи Маҷнуни тоҷик ва Лайлии қазоқ.​ Дар як деҳаи тоҷикнишини ноҳияи Ҷеттисойи Қазоқистон як марди тоҷик ва зани қазоқ суннатҳои роиҷро шикаста, оила барпо карданд. Дар маҳаллаи Фирдавсӣ издивоҷ бо намояндагони миллати дигар кори осон нест. Ҷуфте, ки тавонистаанд, қолабшиканӣ кунанд, ин пайванди худро намунаи дӯстии ду халқ медонанд. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG