Ссылки доступа

Дар Узбекистон аз эҳтимоли қатъи сартосарии барқ хабар доданд


Узбекистон аз 9 ноябр дар робита ба таъмини истгоҳҳои тавлиди нерӯи барқ бо сӯзишворӣ ба мушкил дучор шудааст.

Дар ин бора дар муроҷиати масъули Вазорати энергетикаи Узбекистон Музаффар Бобоев ба роҳбарони шабакаҳои барқии минтақавӣ ва "Узенергоинспекция"-и он кишвар хабар дода шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ба истгоҳҳои тавлиди барқи Узбекистон 12 ноябр тибқи ҷадвал, 350 ҳазор метри мукааб газ интиқол дода шудааст. Аз ҷумла, Маркази гармию барқдиҳии Тошканд 50 ҳазор метри мукааб газ дарёфт кардааст ва ин назар ба ҳаҷме, ки дар ҷадвал пешбинӣ гардидааст, 270 ҳазор метри мукааб камтар аст. Дар натиҷа ҳаҷми тавлиди барқ дар марказ то ба 500 500 МВт кам хоҳад шуд.

Бинобар ин, барқ дар хатти баландшиддати Узбекистон қатъ карда шудааст. Зеро он талабот ба неруи барқро коҳиш хоҳад дод.

Неруи барқ 25-уми январи имсол дар бисёре аз манотиқи Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон хомӯш шуд. Комиссияи давлатӣ моҳи марти имсол сабабҳои қатъи нерӯи барқро таҳқиқ карда, гуфта буд, ки қатъи нерӯи барқ ба иллати корношоямии низоми барқи Узбекистон рух додааст.

XS
SM
MD
LG