Ссылки доступа

Интихоботи Қазоқистон: Тоқаев беш аз 82 %-и овозҳоро соҳиб аст


Натиҷаи се назарпурсиеро дар Қазоқистон нашр карданд, ки бар асоси онҳо, барандаи интихоботи пешазмуҳлати президентии он кишвар раисҷумҳури кунунӣ Қосимҷомарт Тоқаев гуфта мешавад.

Бар асоси нахустин назарсанҷии Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии минтақашиносии "Ҷамъияти боз", Қосимҷомарт Тоқаев 82,45 дарсади раъйро ба даст овардааст.

Дар мақоми дувум "графа" ё сутуни "зидди ҳама" меистад. 5,2 дарсади пурсидашудаҳо онро интихоб кардаанд.

Натиҷаҳои боқии назарпурсӣ чунинанд:

  • Жигули Дайрабоев - 3,33 дарсад;
  • Каракат Абден - 2,54 дарсад;
  • Майрам Кажикен - 2,23 дарсад;
  • Нурлан Ауесбаев - 2,17 дарсад;
  • Салтанат Турсинбекова - 2,08 дарсад;

Институти сиёсати ҷамъиятии ҳизби ҳокими "Амонат"-и Қазоқистон натиҷаҳои назарпурсии худро ба таври зерин эълом кардааст:

Қосимҷомарт Тоқаев — 85,42 дарсад;

Зидди ҳама — 3,04 дарсад;

Жигули Дайрабаев — 2,67 дарсад;

Каракат Абден — 2,61 дарсад;

Майрам Кажикен — 2,43 дарсад;

Нурлан Ауеспаев — 1,93 дарсад;

Салтанат Турсинбекова — 1,44 дарсад.

Раиси ҳизби "Амонат" Ерлан Кошанов аст, ки маъракаҳои пешазинтихоботии Тоқаевро раҳбарӣ мекард.

Пажӯҳишгоҳи ҳамаҷонибаи иҷтимоии "SOCIS-A" низ дар назарпурсии худ ба Тоқаев 82,02 дарсад раъй додааст.

Овоздиҳӣ дар интихоботи президентии Қазоқистон то соати 22:00-и рӯзи 20 ноябр идома кард. Тибқи маълумоти пешакии Комиссияи марказии интихоботии Қазоқистон, дар интихобот 69,43 дарсади афроди қобили раъй иштирок кардаанд.

Интихоботи пешазмуҳлати президентии Қазоқистон дар пасманзари боздоштҳои фаъолон ва мухолифони ин кишвар баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG