Ссылки доступа

Наздикони духтари кушташуда дар ҷануби Қирғизистон ба нишони эътироз роҳро бастанд


Наздикони як духтари кушташуда дар ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолободи Қирғизистон рӯзи 21 ноябр зидди сокини маҳаллие, ки бо гумони куштор боздошт шудааст, гирдиҳамоии эътирозӣ баргузор карданд.

Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз маҳалли ҳодиса иттилоъ дод, ки дар эътироз 50 нафар аз ноҳияи Бозорқурғон иштирок ва раванди таҷаммуъро пулис назорат мекард.

Эътирозгарон талаб кардаанд, ки гумонбар ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуда, наздиконаш деҳаро тарк кунанд.

Таҷаммуъгарон ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи мақомот ба ҳодиса шоҳроҳи Ӯш-Бишкекро бастанд, вале роҳ баъди 10 дақиқа дубора боз карда шуд.

Куштори духтари 19-сола 8 ноябри имсол дар ноҳияи Ноокени Қирғизистон рух дода буд. Ба иттилои пулис, духтар дар ноҳияи Бозорқурғон зиндагӣ мекард. Дар робита ба қатли ӯ як марди 58-сола дастгир шудааст.

XS
SM
MD
LG