Ссылки доступа

Гузоришҳо: Аҳмад Масъуд ба Русия рафтааст


Аҳмад Масъуд

Телевизиони "Ому" бо такя ба манбаъҳои наздик ба Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, хабар додааст, ки ӯ рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта барои гуфтугӯ бо мансабдорони Русия, ба он кишвар рафтааст. Манбаъҳои дигар ва расонаҳои Русия то ба ҳол дар ин робита хабаре нашр накарданд.

Телевизиони "Ому" аз қавли манбаъҳои худ навишт, "дипломатҳои чандин кишвари минтақа ва ҷаҳон дар чанд моҳи гузашта ба Тоҷикистон рафта, бо раҳбари Ҷабҳаи муқовимат дар мавриди вазъияти Афғонистон дидору гуфтугӯ доштанд." Гуфта мешавад, Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистон ба сар мебарад, аммо мақомот дар Душанбе ҳаргиз ҳузури раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллиро дар қаламрави худ рад ё тасдиқ накардаанд.

Ба иттилои "Ому", Мутлақ бин Моҷид Ал-Қаҳтонӣ, намояндаи вижаи Қатар барои Афғонистон, то кунун ду бор ба Тоҷикистон рафтааст.

Ин манбаъҳо ҳамчунин аз гуфтугӯ миёни Аҳмад Масъуд ва намояндагоне аз Ҳинд ва Эрон дар Тоҷикистон хабар додаанд. Гуфта мешавад, намояндагони ин кишварҳо бо Аҳмад Масъуд аз баргузории музокироти минтақаӣ барои таъсиси як "ҳукумати нав" дар Афғонистон сухан гуфтаанд.

Манбаъҳо гуфтаанд, бинобар ҳассосиятҳои минтақаӣ, сафари мақомдорони кишварҳо ба Тоҷикистон ва дидор бо Аҳмад Масъуд расонаӣ нашудааст. Ба гуфтаи манбаъҳо, мақомҳои кишварҳое, ки ба Тоҷикистон омада ва бо Аҳмад Масъуд гуфтугӯ доштаанд, хостаанд, муҳтавои мулоқот ва суҳбатҳояшон нашр нашавад.

Гурӯҳи Толибон, ки аз моҳи августи соли гузашта ба ин тараф қудратро дар Афғонистон ба даст дорад, то кунун дар робита ба хабарҳо оид ба сафари Аҳмад Масъуд ба Русия вокунише нишон надодааст.

Хабарҳо дар мавриди сафари Аҳмад Масъуд ба Русия дар ҳоле нашр мешаванд, ки чанд руз пеш Русия мизбони як нишаст дар бораи Афғонистон бо ҳузури намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Чин, Эрон, Покистон ва Ҳинд буд. Дар нишаст намояндагони Толибон даъват нашуда буданд. Иштироккунандаҳо бар ташкили "ҳукумати фарогир" дар Афғонистон таъкид карданд.

Аз сӯи дигар, Русия то кунун робитаҳояшоро бо Толибон нигоҳ дошта, аз пуштибонии Ҷабҳаи муқовимат ҳарфе назадааст. Дар даврони ҳукумати аввали Толибон дар солҳои 1996-2001, Русия аз Аҳмадшоҳ Масъуд, падари Аҳмад Масъуд дар муқовимат алайҳи ин гурӯҳи тундгаро пуштибонӣ мекард. Эрон ва Ҳинд ҳам аз пуштибонҳои Иттиҳоди Шимол ба раҳбарии Аҳмадшоҳ Масъуд буданд.

Пас аз дубора ба сари қудрат омадани Толибон дар 15-уми августи соли 2021, Аҳмад Масъуд ба дараи Панҷшер рафт ва Ҷабҳаи муқовимати миллиро таъсис дод. Дар моҳҳои ахир нерӯҳои ин Ҷабҳа бо Толибон дар Панҷшер, Андароб, Кописо, Бағлон ва қисматҳое аз вилоятҳои Тахор ва Бадахшон даргир мебошанд.

XS
SM
MD
LG