Ссылки доступа

Рӯзноманигори қирғизистонӣ мехоҳад, президентро ба додгоҳ кашад


Болот Темиров, рӯзноманигори қирғизистонӣ тасмим дорад, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ва раиси кумитаи амнияти он кишвар Қамчибек Тошиевро ба додгоҳ кашад.

Темиров дар як навори видеоӣ гуфт, аз президент ва раиси кумитаи давлатии амнияти миллии он кишвар тавассути додгоҳ талаб хоҳад кард, ки айбдор будани рӯзноманигорро дар сохтакории ҳуҷҷатҳояш рад кунанд.

Темиров ёдовар шуд, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек айбдории ӯро дар "Нигаҳдорӣ ва истифодаи маводи мухаддир" ва "Сохтакории ҳуҷҷатҳо ва убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ" рад кард.

"Додгоҳ ҷазое таъйин накард. Ва ман дар зиндон нестам, аммо доғи судӣ ҳаст ва шиносномаи ман ғайриқонунӣ дониста шудааст. Ин ҳолат маро қонеъ намекунад, зеро ман айбе надорам. Ман санади қалбакӣ истифода накардаам ва шиносномаи шаҳрванди Қирғизистонро ман қонунӣ дарёфт кардаам. Аз ҳамин хотир ман бо вакили мудофеам рӯзи 26 октябр ба додгоҳ шикоят бурдем. Додситонӣ ҳамон рӯз аз болои қарори додгоҳ шикоят кард. Додситонӣ бар ин назар аст, ки ман дар нигаҳдорӣ ва истифодаи маводи мухаддир ва убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ айбдор ҳастам. Яъне, додситонӣ ба қарори додгоҳ дар мавриди бекор кардани айби сохтакории ҳуҷҷатҳо эътирозе надорад. Додгоҳ эътироф кард ва додситонӣ бо ин розист, ки ман айбе надорам", - гуфт Темиров.

Вай ёдовар шуд, ки пештар аз ин Содир Ҷабборов ва Қамчибек Тошиев дар мусоҳибаҳояшон гуфта буданд, "Темиров билети ҳарбии каси дигарро дуздида, акси худро дар он насб ва ному насабро иваз карда, бо ин роҳ соҳиби шиносномаи Қирғизистон шудааст".

"Яъне, ҳарфҳои Содир Ҷабборов ва Қамчибек Тошиев дурӯғ ва туҳмат ҳастанд. Ҳаққи қонунии ман аст, ки раддия талаб кунам. Мо аллакай шикоят бурдем, аммо онро напазируфтанд. Аммо мо ба такрор ба додгоҳ шикоят мебарем, то замоне ки онро напазиранд. Мо ҷуброни маънавӣ талаб надорем, мо талаб дорем, ки онҳо дурӯғ будани ҳарфҳояшонро эътироф кунанд", - гуфт рӯзноманигорон.

Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек 28 сентябр рӯзноманигори таҳқиқотгар ва муассиси саҳифаи "Temirov LIVE" Болот Темировро бегуноҳ эълом кард.

Додрас гуфт, дар ҷараёни мурофиаҳо гуноҳи Темиров бар асоси бандҳои "нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир" ва "убури ғайриқонунии марзи давлатӣ" исбот нашуд.

Темиров дар "истифодаи билети қалбакии ҳарбӣ" ва "шаҳодатномаи қалбакии муваққатӣ ҳангоми гирифтани шиноснома" айбдор эълом шуда, аммо ба далели гузаштани муҳлати зиёд аз ҷавобгарӣ озод карда шудааст.

Темиров 18 апрел таҳқиқоти рӯзноманигориеро дар бораи ширкати писари Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар тендерҳои давлатӣ нашр кард. Рӯзи 19 апрел мақомот хабар доданд, ки нисбати Темиров парвандаҳои нав дар бораи "Тақаллуби ҳуҷҷатҳо" ва "Убури ғайриқонунии марз" кушода шуд. Темиров гуфт, ба хотири фаъолиятҳои касбиаш таъқиби ҷиноӣ мешавад.

Дар моҳи январи имсол низ нисбати Темиров бар асосии моддаи нигаҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир парванда боз карда буданд. Он замон низ вай дар бораи Қамчибек Тошиев таҳқиқоти рӯзноманигорӣ нашр карда буд.

XS
SM
MD
LG