Ссылки доступа

"Росатом" дар Қирғизистон неругоҳи ҳастаӣ сохтанист


Вазорати энержии Қирғизистон бо ширкати русии "Росатом" созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Бар асоси қарордод, “Росатом” асосҳои фаннӣ-иқтисодии як нерӯгоҳи хурди ҳастаиеро, ки дар Қирғизистон бунёд мешавад, омода хоҳад кард. Қарордод дар чаҳорчӯби форуми байналмилалии "Atomexpo-2022" дар Сочӣ имзо шудааст. Онро вазири энержии Қирғизистон Таалайбек Ибраев ва намояндаи "Росатом" Андрей Рождествин имзо карданд.

Ибтидои имсол хабар дода шуд, ки вазорати энержии Қирғизистон дар якҷоягӣ бо ширкати русии “Росатом” дар бораи бунёди нерӯгоҳи хурди ҳастаӣ дар Қирғизистон ёддошт имзо кардааст. Дар бораи лоиҳа маълумоти дигар вуҷуд надорад.

Узбекистон ҳам соли 2018 бо ширкати "Росатом" созишномаи ҳамкорӣ имзо карда буд.

XS
SM
MD
LG